15 майи соли 2025 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Юрий Витолдович Шулейко вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишварро дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ намуда, ба дурнамои афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва рушди устувори он таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо муҳимияти таҳкими минбаъдаи шарокати стратегиро таъкид намуда, омодагиро ба ҳамкории фаъолона изҳор карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan